Παρακαλώ βοηθήστε στη μετάφραση του "Дар дилами (Dar dilami)"

Μερίδιο
Μέγεθος γραμματοσειράς
Πρωτότυποι στίχοι

Дар дилами

Фарёди дили маро ба булбул бибарен, ҳей,
Булбул ба Ироқу, Хинду, Кобул бибарен, ҳей.
 
Фарёду фиғони ман ба булбул нарасид, ҳае,
Бар ӯ хабари шукуфтани гул бибарен, ҳей,
 
Ана ман қади баланд, дорум қошом қаламӣ
Ана сад кас ба ҳазор армон мондай аламӣ
 
Ана сад кас ба ҳазор армон бо сӯзиши ҷон
Ана ай мобайни сад ҷавон, ту дар дилами
 
Ту дар дилами, ба Худо, дар дилами
Ана қошом қаламӣ, ана мондам аламӣ
Ана ту дар дилами,
ту дар дилами, ба худо, дар дилами.
Ана-е, ана-е, ана ёрум, ана-е
(Ана-е, ана-е, ана ёруш, ана-е)
 
Дорад танҳо ишқи ту дар дили ман тантана, ҳей
Ана ай хандаи ту хирмани зар мегирум, ҳей
Ана як лаҳза набинуму ту дармегирум, ҳей
 
Ана то хабари марг ман ба гӯшут мерасад
Ана умри, ки дорум туро хабар мегирум, ҳей
[2x]
 
Ту дар дилами, оҳ ба Худо, дар дилами, дар дилами, вой
(Ту дар дилаши, оҳ ба Худо, дар дилаши, дар дилаши)
 
Ана қошом қаламӣ, ана мондам аламӣ
(Ана қошош қаламӣ, ана мондай аламӣ)
 
Ана ту дар дилами, ба Худо, дар дилами.
Ана-е, ана-е, ана ёрум, ана-е
(Ана-е, ана-е, ана ёруш, ана-е)
 
Яксӯӣ гули зардолу, яксӯӣ гули бодом
Ошиқ нашави, мони дар зиндагӣ ноком
[2x]
 
Ҳей, булбул ба бағал баҳор зебост, бо шеру ғазал баҳор зебост.
(Яксӯӣ гули зардолу, яксӯӣ гули бодом)
 
Зеби бағали баҳор сабза, дорад ба карашма ёр ғамза
(Ошиқ нашави, мони дар зиндагӣ ноком)
 
Бо гумчамани диёр гулрез, дар базми чаман баҳор гулрез
Завқидану чангу базму бозӣ, аз мову шумо баҳор розӣст
 
(Яксӯӣ гули зардолу, яксӯӣ гули бодом)
Ошиқ нашави, мони дар зиндагӣ ноком
 
Дил, дил, диле, ҳай ҷон дилҳо, ҷон дил, дилҳо, дил, диле
(Дил, дил, диле, ҳай ҷон дилҳо, ҷон дил, дилҳо, дил, диле)
 
Зиндагӣ бе васли ту мушқиле, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Бандагӣ бо васли ту осон, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Ҳай нози-нози ноз кунам бозе, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Замзама оғоз кунам бозе, ҷон дил, дилҳо, дил, диле
Замзамаҳо аз дили шайдо-е, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Бори дигар то шави пайдо ҳей, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Ҳей шаб-шаби шаб ҳама шабҳо-е, ҷон дил, дилҳо, дил, диле
Ишқи ту ву базму тарабҳо-е, ҷон дил, дилҳо, дил, диле
Олами афсонаи ман ту-е, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
Рӯшанӣ хонаи ман ту-е, ҳай ҷон дилҳо, дил, диле
 
Translation
 
Συνδέσου ή Κάνε εγγραφή για να δημοσιεύσεις μια μετάφραση
Μεταφράσεις του τραγουδιού ''Дар дилами''
Σχόλια