Russia is waging a disgraceful war on Ukraine.     Stai cu Ucraina!
  • Noziya Karomatullo

    Ҳаво • Ҳаво

Acțiune
Marimea fontului
Originală

Ҳаво versuri

Эй ҳаво - (Эй ҳаво),
Эй ҳаво - (Эй ҳаво).
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Абри тоза дорӣ,
Бар сари ёри ман накунад биборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво
Аз чи кина дорӣ?
Гаҳ чи сон тозаи, гаҳе пурғуборӣ.
 
Накунад биборӣ,
Оҳ, чи пур ғуборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Аз чи гиря дорӣ?
Ту ҳам магар мисли ман лаҳза мешуморӣ?
 
Аз ки пур ғуборӣ?
Накунад биборӣ?
Биборӣ - Биборӣ.
 
Пур аз ниёзам,
Ошиқ навозам.
Бо ин дили худ,
Охир чи созам.
 
Абр асту борон,
Дард асту ҳиҷрон,
Фардо валекин баст асту паймон.
(Лай-лай-лай-лай-лай-лай).
 
Эй ҳаво - (Эй ҳаво),
Эй ҳаво - (Эй ҳаво).
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Абри тоза дорӣ,
Бар сари ёри ман накунад биборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво
Аз чи кина дорӣ?
Гаҳ чи сон тозаӣ, гаҳе пурғуборӣ.
 
Накунад биборӣ,
Оҳ, чи пур ғуборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Аз чи гиря дорӣ?
Ту ҳам магар мисли ман лаҳза мешуморӣ?
 
Аз ки пур ғуборӣ?
Накунад биборӣ?
Биборӣ - Биборӣ.
 
Ҷонам ба ҷонаш,
Ҷуям нишонаш,
Хонам ҳамеша шеъри равонаш.
(Лай-лай-лай-лай-лай-лай).
 
Ҳастам ба домаш,
Оҳуи ромаш.
Қурбони номаш,
Ному каломаш.
 
Эй ҳаво - (Эй ҳаво),
Эй ҳаво - (Эй ҳаво).
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Абри тоза дорӣ,
Бар сари ёри ман накунад биборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво
Аз чи кина дорӣ?
Гаҳ чи сон тозаӣ, гаҳе пурғуборӣ.
 
Накунад биборӣ,
Оҳ, чи пур ғуборӣ.
 
Эй ҳаво - Эй ҳаво,
Аз чи гиря дорӣ?
Ту ҳам магар мисли ман лаҳза мешуморӣ?
 
Аз чи пур ғуборӣ?
Накунад биборӣ?
Биборӣ - Биборӣ.
 

 

Noziya Karomatullo: Top 3
Comentarii