Advertisements

Nigina Amonqulova - Дар оғуши ту мемирам (Dar oghushe to memiram)

  • Artist: Nigina Amonqulova (Нигина Амонқулова)
  • Translations: English, Persian, Russian, Transliteration
Tajik/Transliteration
A A

Дар оғуши ту мемирам

===== припев ======================
Дар оғуши ту мемирам!
Дар оғуше, ки аз гармӣ ҷонсӯзи танат сӯзам.
Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам.
 
Дар оғуши ту мемирам!
Дар оғуше, ки бо рағми хазонҳо сабзу гулпӯшам!
Дар оғуше, ки аз эҳсоси ларзишҳои рӯёиш мадҳушам!
 
Дар оғуше, ки бори зиндагӣ меафтад аз дӯшам!
Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромӯшам!
Дар оғуше, ки ҷои доду фарёд аст хомӯшам!
 
Маро ин ганҷ чи давлат аст, ки бо ту ҳам оғушам!
Дар оғуши ту мемирам!
=================================
 
Аз он тарсам, ки дар савдоӣ ишқу ошиқи рӯзе,
маро бигзориву дилбар касе бандӣ ки чун бошад,
ки чашмаш ҳасрати дунёи дун дорад.
На шӯре дар дилу, на синааш завқи ҷунун дорад.
 
Ба он гаҳ ин ҳама дунёи ман кӯр аст,
Дигар зистан бароям дар ҷаҳон монандаӣ гӯр аст.
Ту бар қасди замону хасми номардон бо ман бош,
Маро аз чашми бадбинон дар оғушат панаҳ бинмо.
Дар оғуше, ки эҷоз асту эҳсон асту армон аст,
 
Дилам бар ёди он рӯзу шабонгоҳ сахт пазмон аст!
Ки Эзид бо ту тақдирам бипайваст.
Хушо он соат, ки пеш аз марг аз як дарди ширинест,
 
припев.
 
Thanks!
thanked 3 times
Submitted by hamu4okhamu4ok on Thu, 26/12/2013 - 04:07
Last edited by ltlt on Fri, 22/05/2020 - 21:23

 

Advertisements
Video
Translations of "Дар оғуши ту мемирам..."
Collections with "Дар оғуши ту мемирам"
Comments
Read about music throughout history