Testi originali
2 traduzioni
Testo della canzone: Дили ман хонаи ту
Шӯъла ровшани оташ кардаӣ
Ба сару пойи ман оташ задаӣ
Ту ба ин тобу табу шӯру шарар,
Зи само то ба замин омадаӣ
[2x]
~~~~ припев | chorus ~~~~
Дили ман хонаи ту, дида кошонаи ту,
Ту ба ин хона чи хуш омадаӣ, омадаӣ
Дили ман бо дили ту, дили ман манзили ту,
Ба лаб афсона чи хуш омадаӣ, омадаӣ
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Дар паноҳи нигоҳи чашми ту ман гум шудаам
Қиссаи тоза ба даври лаби мардум шудаам
Он чунон куштаву қурбони туям вой бубин
Пеши доси аламат сабзаи гарм шудаам
Байни мардум зи дили доғи ман огоҳ туи,
Ба китоби дили ошиқ ғазали моҳ туи.
Шӯъла ту, шеьр ту, оғоз ту, анҷом туи,
Ҳар куҷое ки биравам, охири он роҳ туи.
let me know if you notice any errors, mistypes
ok.ru/tajiktexts | t.me/tajiktexts